Курсҳои омӯзишӣ

Адаб маҷмуи ҳусни ҷамол аст

  Адаб маҷмуи ҳусни ҷамол аст


Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

         Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

     Адаб ҳусни инсон аст. Оре, шахси боадаб ҳамеша аз рафтори ҳамида , мисли фазлу дониш, заковат ва ҳунар, фарҳанг бархӯрдор аст. Аслан ин қабил одамон фурӯтану боҳиммат ва дурандешу донишманд мешаванд. Зеро хуб медонанд, ки бузурге гуфтааст:

Маниманиҳо пешаи шайтон бувад,

    Ҳар кӣ худро кам занад, мард он бувад.

Бешубҳа, ҳар ҷо ки адаб аст, оромиву субот ва пешрафту нумӯъ низ ба миён меояд. Ҳатто дар оилае, ки одоб бошад, шодиву нишот низ ҳукм меронад. Фарогирии адаб ба худи ҳар як инсон вобаста аст. Дар ин бора қиссае ҳаст:

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

         Бинеҳ бар сар, бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

    Мутаассифона, на ҳама наврасону ҷавонон қоидаҳои одобро риоя карда, аз рӯи он амал мекунанд. Вақтҳои охир истеъдоди ин қабил ҷавонон ба маротиб афзуда, боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст.

    Аз ин хотир, ҳамагони мо вазифадорем, ки наврасонро дар рӯҳияи одобу ахлоқи ҳамида тарбия намуда, завқ ва қобилияти зеҳнии онхоро такмил диҳем. Дар ҳар ҷомеа ва оилае, ки адаб дар назари аввал бошад, осудагию хушбахтӣ ва камолоту пешрафт бештар мегердад. Барои ин сараввал бояд худи мо боадаб бошем, то тавонем дигаронро ба дунёи зебои адаб ҳидоят намоем. Ҳикмати Абдураҳмони Ҷомӣ матлаби моро равшан мекунад:

Бояд аввал адаб андӯхтан,

    Пас дигар касро адаб омӯхтан.

     Забон бори дигар моро ба донистани нозукиҳои забони модарӣ ҳидоят мекунад. Аз ин рӯ, ба ғалат навиштану донистану меъёр ва қоидаҳои забон ҳастии он ин рукни асосии милатро таъмин мекунад. Илова бар ин, лозим аст, ки ба забони модарии худ садоқат ва муҳаббати бепоён дошта бошем, зеро эҳёи забон пурарзиштарин мероси мо ба наслҳои оянда хоҳад буд.

Забони модариро гум кардан носипосӣ нисбати Модару Ватан аст. Хитоби устод Лоик Шералӣ

Ба нишони ғафлатзадагон айни муддаост:

Заҳр бодо, шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

     Раванди ҷомеаи дунявӣ моро водор мекунад, ки дар роҳи татбиқи ҳамаҷонибаи забони давлатӣ мусоидат намоем.

Иловаи шарҳ

Гузоштани шарҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив