Курсҳои омӯзишӣ

Нақшаи дарси яксоата барои дарси соатҳои тарбиявӣ


ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Шуъбаи маорифи ноҳияи Сино-и шаҳри Душанбе

Муассисаи  таҳсилоти миёнаи умумии № 59


НАҚШАИ

ДАРСИ  ЯКСОАТА

барои дарси соатҳои тарбияви

дарсоли хониши 2018-2019

омӯзгор: рохбари синфи 2а

Ҳалимова С.Ғ.


ДУШАНБЕ – 2018


Мавзӯъ:21- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон

9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон истиқлолияти давлатии худро эълон дошт. Кишварҳои мухталифи ҷаҳон давра ба давра Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил эътироф иамуданд. Аз  замони зуҳури Истиқлолият Тоҷикистон роҳи минбаъдаи рушди давлати худро ба 

кишвари демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мувофиқ сохт. Ҳарчанд эъмори давлати мустақил кори саҳл нест, вале тафаккури васеи 

аҷдодӣ ва дарки ҳуввияти миллӣ ба ин комёби боис гашт. Замон ба сари ҳокимият шахсеро овард, ки тақдири эҳёи давлат ба души ӯ 

буд. Ин шахсияти таърихи фарзанди содиқи Ватан Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ба ҷасорат ва диди фарохи ӯ баҳои ҳаққонӣ додан 

камоли инсонист. Зеро дар ҳамон замони пурталотум иҷрои ин вазифа хеле гарон ва хатарнок буд. Қаҳрамони Тоҷикистон - Эмомалӣ 

Раҳмон аз қадамҳои нахустинаш ҷоннисории худро даҳҳо маротиба исбот сохта бо ҳамгироии мардуми кишвараш ба эҷоди давлати 

тозабунёд, шарафёб гашт.

Вожаи «Истиқлолият» Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро водор намуд, ки дар андак вақт сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор 

намояд. 

Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи 

рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар, боварии мардумро ба ояндаи 

дурахшон зиёд гардонид. 

Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст,

ки ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, маротибае ба марзу бум ва хоки кишвари дигаре чашми тамаъ боз накардааст. Ин худ 

рамзи ҳимматбаландӣ ва 

бофарҳангии мардуми шарифи мост. Бешубҳа, низоъ ва кашмакашиҳои дохилии кишвар низ бо  раъйи мардуми тоҷик рух надода, 

нақшаи хиёнаткоронаи душманони берунӣ ва нотавонбинии давлати тоҷикон аст.

Новобаста аз душвориҳои зиёд билохир нерӯи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бо 

эъҷози тафаккури офтобӣ бунёд созад. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ сифати давлати мустақил шинохта шудааст. 

Халқи тоҷик бори дигар  собит сохт, ки тоҷикон миллати воҳид ва соҳибтамаддуну дорои забони фасеҳу равон мебошанд. Оре, ин 

халқи забондону забондор ба ҳифзи ҳастии хеш ҳақ дорад  ва касе наметавонад мавҷудияти онро рад намояд. Бархақ шоир Бозор 

Собир хитоб мекунад:


Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забои дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр астӯу.


То фаро расидани 21 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2012) ҳар як  шаҳрванди Точикистонро зарур аст,

ки дар ободӣ ва шукуфоии меҳан саҳми арзанда бигзорад. Нафаси озоди Ватан ва ободии он калиди дари иқболи мост.



                                         Мавзӯъ:  Дониш чароғи ақл аст


Тавоно бувад ҳар кӣ доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.


    Дониш шахсро ба қуллаи баланди зиндагӣ мерасонад. Шахси донишманд дар байни мардум соҳиби обрў ва эътибори баланд 

мебошад. Шахс ба воситаи  дониш аз дастовардҳои тамоми мамлакатҳои дунё воқиф мегардад. ҳоло дар ҷумҳурии  мо шахсони 

донишманд хеле зиёд мебошанд. 

   Бинед, ки сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон чӣ қадар кўшишҳо ба харҷ дода истодааст, ки насли имрўза соҳиби дониш шаванд ва 

дар оянда давлати худро  соҳибӣ намоянд. Дониш дар натиҷаи бедорхобӣ, кўшишу заҳматҳои зиёд ва азобу машаққат ба даст меояд. 

Дониш чароғи ақл, илм ва раҳнамои инсон аст. 

Рўдакии бузургвор илму фарҳангро беҳтарин ганҷ номида, насли инсонро панд медиҳад, ки онҳо як умр омўзанд.


Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.


 ҳаким Фирдавсӣ бошад омўхтани илму донишро маънидод намуда, шахси донишмандро доною донишманд, тавоно ва дилаш ҳамеша 

барно гуфтааст. 


Биёмузу бишав зи ҳар донише


Биёбӣ зи ҳар донише  ромише.


    Ба воситаи дониш инсон оламу одамро мешиносад ва ба бадию некӣ сарфаҳм меравад. Шахси бедонишро  дар кўча, мактаб, 

маъракаҳо ва дар ҷойҳои ҷамъиятӣ эҳтиром намекунанд. Дониш калиди ҳамагуна мушкилот аст. Зиндагии инсон якранг нест, 

ҷамъият доимо дар тағйироту инкишоф аст. Аз ин рў, инсонро ҳар лаҳзаву ҳар замон мушкилотҳо пайгирӣ мекунад. Роҳи ягонаи 

халосӣ  аз ин  душвориҳо соҳиби донишу маърифати баланд будан аст. 


    Гузаштагони мо, шоирону нависандагон илму донишро васф кардаанд. Дар ин бора шеъру достон ва асарҳо эҷод кардаанд, ки  

«Донишнома»-и Абўалӣ ибни Сино аз зумраи онҳост. Дониш ин қувва аст, ки ба воситаи он кашфиёту ихтироот менамоянд, техникаю 

мошинҳо месозанд ва ба кайҳон барои маълумотҳо гирифтан сафар мекунанд. Ба воситаи дониш инсон меҳнати ҷисмонии 

худро сабук мекунад. 


    Имрўз мо ҷавонон бояд ҳамеша дониш омўзем ва дониши худро дар амал  татбиқ намоем. Дониш инсонро ба орзуву хушбахтиҳои 

зиндагӣ мерасонад. 


Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.


    Хулоса, нақши илму дониш дар инкишофу тараққиёти саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори коинот ва ҳал намудани 

муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Мо ҷавонон бояд ҳамеша дониш омўзем, то  осудагии халқи худро таъмин намоем.  



Мавзӯъ:  Китоб  хазинаи  илм  аст


Беҳтарин ёри вафодор китоб аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб аст, китоб.


     Китоб дўсти наздиктарини инсон аст, ки дар шабҳои танҳоӣ моро ҳамроҳӣ менамояд ва ҳеҷ гоҳ мо бо китоб дилгир ва хаста 

намешавем.

      Мо ба ҳеҷ ҷо сафар накарда, аз китоб дар бораи тамоми ҷаҳон маълумотҳо пайдо менамоем. Китоб роҳнамо ва роҳнишондиҳандаи мост. Чунончӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ  китобро «Фурўғи субҳи доноӣ» ном бурдааст:


Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст.


    Ба воситаи китоб илму дониш ва фарҳанг аз як насл ба насли дигар мегузарад. Китоб аст, ки инсон соҳибилм мегардад ва ба 

воситаи китоб ҳамаро аз худ менамояд. 

 Дар ҳақиқат, китоб ганҷинаи бебаҳ, хазинаи суханҳои оқилона, макони илму дониш ва рафиқу бародари мост. 

    Одаме, ки китоб намехонад ҷоҳил аст, аз ҷомеа қафо мемонад. Шоирон ҳама кирдорӯ ахлоқи намунавиро  ба воситаи китоб 

ба одамон нишон медиҳад.  


Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

                                                                Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

                                                                Ҳар лаҳза аз ў ба гўшаи танҳоӣ,

                                                                Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест.


  Ман аз хурдсолӣ ба китобхонӣ шавқу рағбати беандозае доштам ва вақтҳои холигиамро бахондани китобҳои бадеӣ мебахшидам. 

Ба андешаи ман агар шахс бисёр китоб хонад ҷаҳонбиниаш васеъ  ва маънавиёташ баланд мегардад. Китоб моро бо роҳи пурҷўшу 

хуруши ҳаёт роҳнамоӣ мекунад. Аммо на ҳама қадру қиммати китобро медонанд. Бисёр ҳамсолони мо ба китобхонӣ шавқу ҳавасе 

надоранд. Мо ҷавонон ва наврасон ояндаи миллату ватани гулгулшукуфони Тоҷик - истони азиз мебошем, ки он рўз то рўз ободу 

зебо гашта истодааст. Барои мо ҷавонон тамоми шароитҳо барои хондан муҳайё гаштааст. 

   Одаме, ки китоб мехонад, нутқаш бурро мешавад ва зираку хушёр мегардад. ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ пешпо намехўрад. 

    Халқи  тоҷик аз қадим китобдўсту китобпарвар ба шумор мерафт. Аз ин рў, дар  Нишони  давлати мо расми китоб тасвир ёфтааст. 

Дар Тоҷикистони мо китобхонаҳои зиёде вуҷуд доранд. Калонтарин китобхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон китобхонаи ба номи Абулқосим 

Фирдавсӣ мебошад. 

     Имрўз бо пешрафти илму техника китобчопкунӣ хело осон гаштааст. ҳамарўза дар ҷумҳурии  мо садҳо китоб ба чоп мерасанд. 

Китоб хамчун ганҷи бебаҳо ва ёри вафодор ҳеҷ гоҳ қиммати худро аз даст намедиҳад.  

    Хулоса, мо бояд ҳамеша китоб хонем, барои беҳбудии Ватани азизи худ саҳми босазое гузорем. 

Мавзӯъ:  Дониш талабу бузурги омуз


Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.


                                                                             (Рӯдакӣ)


Дониш, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он  ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи ақли 

инсон марбут аст.  Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.

Бешубҳа, шахси донишманд бо зӯрии хирад дили кӯҳро мешикофад, дар як соат роҳи  дарозеро  тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. Магар тайёра бофтаи  хаёл нест?

Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мӯъҷизаҳои парвоз аз олами хаёлот ба воқеият табдил ёфтаанд. Албатта, яку якбора не, бо 

гузашти айём, дар натиҷаи донишандӯзӣ ва амал.

Инсони донишманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ  гуфта:


Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.

Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба дониш вобаста аст. Ақли  инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати мардумро 

ба маротиб осон мекунад. 


Камолиддин Биноӣ фармудааст:


Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,

Зи бедонишӣ кор гардад дароз.


Омӯхтан бо амал судманд аст. Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар бо амал созгор гардад: 


Илм ба кор судманд бувад,

Илми бекор пойбанд бувад.


Ё ки


Кори бе илм бору бар надиҳад,

Тухми бемағз бас самар надиҳад.

(Саноӣ)


Хулоса, нақши илму дониш дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани 

муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Мо ҷавонони бояд ҳамеша  дониш андӯзем, то осудагии ҷомеаро таъмин намоем. 

Абдулқодири Бедил ба омӯхтани дониш баҳои баланд дода, гуфтааст:


Фалакро чу нақши по кунӣ паст,

Вале гар донише нагзорӣ аз даст.


Мавзӯъ:  Ҳаёти  солим  ва  зебогии  ӯ


Героин марги сафед,

Маро кардаст ноумед.


 Нашъамандӣ бемории марговар мебошад, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст ва зарари худро  ба одамон мерасонад. Нашъамандӣ 

вабои аср буда, таъсири бади худро ба инсон мерасонад. Шахсе, ки героин, какаин ва чакидаро истифода мебарад, нашъаманд 

ҳисобида мешавад. Нашъа  одамонро ба касалиҳои гуногун ва ҳатто марг гирифтор мекунад.Сабабҳои асосии ба нашъамандӣ даст 

задани ҷавонон аз муҳити иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Инчунин бо ҷўраҳои бад ҳамроҳ шудан низ ба нашъамандӣ бурда мерасонад. 

Чуноне, ки бузургон мегўянд: «бо моҳ шинӣ моҳ шавӣ, бо  дег шинӣ сиёҳ шавӣ». Оре, гуфтаи бузургон ҳақ аст. 

Ба шахси нашъаманд ҳамроҳ шавӣ бо фиребу найранг туро низ ба доми худ мекашад.Мо медонем, ки нашъамандӣ оқибатҳои нохуб 

ва марговар дорад.  Дар мавриди зарари героин шоир мегўяд: 


Героин бурди аз мо, хешованду ҷўраҳо,

Оқибат кардӣ маро аз зану фарзанд ҷудо.


Шахсе, ки ба нашъамандӣ даст мезанад, барои пайдо кардани он маҷбур мешавад, ки ба дуздиву ғоратгарӣ ва ҳато ба одамкушӣ 

даст занад. Аз ин гуна шахсон тамоми дўстон, хешу таборон дур мегарданд. Нашъамандон аз зану фарзанд, инчунин аз ҳама чизи 

муқаддас модар маҳрум мешаванд. Нашъамандӣ ба ҷомеа зарари калон мерасонад. Агар падару модар нашъаманд бошанд, аз онҳо 

кўдаки солимро интизор шудан ғайриимкон мегардад. Нашъамандон аз як сўзан истифода бурда оқибат ба касалиҳои дигар, ба 

монанди ВИЧ-СПИД гирифтор мешаванд. Нашъамандӣ ба организми инсон зарари калон мерасонад яъне, ки бадан харобу 

лоғар мегардад. 

Инсон ба касалиҳои шуш, дил, меъда ва ғайра гирифтор мегардад. Имрўз ба мақсади пешгирии бемории нашъамандӣ ва табобати  

нашъамандон марказҳои ташхисӣ – табобатӣ кушода шудааст.Ҳукумати ҷумҳурӣ низ  чандин барномаҳои мубориза ба муқобили 

нашъамандиро амалӣ гардонида истодааст. Барои нашъаҷаллобон дар Кодекси ҷиноӣ сахттарин ҷазо муқаррар карда  шудааст. 

Бояд мо ҷавонон  аз амалу кирдори шахсони нашъаманд дарси ибрат гирифта, аз ин рафтори бад худро дур созем. Мубориза ба 

муқобили нашъамандӣ ва нашъафурўшӣ натанҳо вазифаи мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, балки вазифаи тамоми аҳли ҷомеа мебошад. 

Ҷавононе, ки ба ин беморӣ гирифтор мешаванд ба ёрию мадади мо эҳтиёҷ доранд. Моро зарур аст, ки  ба ин гуна шахсон кўмак 

расонем, то онҳо аз зиндагӣ рўхафтода нашаванд, зеро бузургон фармудаанд:  


Аз ноумедиҳо басе умед аст,

Поёни шаби сиёҳ сафед аст.

    Мо, ҷавонон, ки ояндаи милат ҳастем бояд саломатии худро ҳифз намуда, баҳри ободии Ватан ва халқи худ хизмат намоем. Чунки 

ҷомеа ба ҷавонони солим эҳтиёҷ дорад. ҷавонон ояндаи миллатанд.


Мавзӯъ:  Бе  ранҷ  наояд  ба  даст  ганҷ


Ҳар шаб зи худат бипурс агар my мардӣ,

К-имрӯз чӣ хизмате ба мардум кардӣ.


Ҳақ ба ҷониби Лоҳутист: Ҳар як инсон бояд дар зиндагӣ як амали хайре, як кори неке, як ёдгорие аз худ боқӣ монад. Вақте ки шахс аз дунё мегузарад, ягон амали некаш ёди ӯро зинда мегардонад. Албатта, ҳамаи одамон мирандаанд, вале агар аз кас ягон амали хубе боқӣ монда бошад, ҳар боре ки ба он менигарӣ, беихтиёр заҳмати бепоёни ӯ номи он шахсро зиндаёд мегардонад, зеро бузургон гуфтаанд: Шахсияти арзанда дар дунёи равшан аз худ се чизро боқӣ мегузорад:


- Садақаи ҷория - бунёди боғ.

- Илми кофӣ - яъне офаридани асаре.

- Фарзанди солим ба дунё овардан, ки боиси ифтихору болидагист.


Агар инсон ягон амали номбаршударо иҷро накарда бошад, пас он шахс умр барабас гузаронд ва ранҷи бефоида бурд. 

Имрӯз миллати тоҷик роҳбару роҳнамо, роҳбаладу сарвари бузургу кордон ва ифтихорманд Президенти бузургӣ давлат Эмомалӣ 

Раҳмонро дорад, ки як миллати бузургро роҳбаладӣ мекунад. Имрӯз миллати тоҷик давлати абарқудрат, демократӣ, дунявӣ, созанда 

ва ҳуқуқбунёд дорад. Имрӯз ин миллат муқаддасоти бузурги давлаташро эътироф мекунад. Имрӯз мардуми тоҷик ба бунёди 

иншоотҳои бузурги аср ба мисли Нерӯгоҳи Барқи Роғун машғул аст.


Эй ҳамватан, Роғуни худро бино кунем,

Бошад китоби маънии барҷаста во кунем.

To имтиҳони мо шавад аз буд ҳам қадим,

Имрӯз кохи Роғуни дилҳо бино кунем.


Ҳар як нидои ин марди накӯном бар дили ҳар як ватандор ору номус, виҷдону саховатмандӣ бедор кард. Тоҷикистони кӯчаки мо 

имрӯз иқтидори бино намудани  чунин як иншооти бузургро пайдо карда наметавонист, агар пиру барно, марду зан, корхонаву 

муассисаҳо ва оилаҳои ҷудогона, ки узви ин миллати таърихан  бузурганд, аз як гиребон cap бароварда ин иншоотро обод намудан 

доранд.

Ҳар кӣ Роғун мекунад бунёд,

Хонаи хешро кунад обод.


Ҳар як ватандор шабро шаб, рӯзро рӯз нагуфта, кору фаъолият мекунанд, қарзи ватандорӣ адо карда истодаасг. Дар бунёди ин 

иншооти бузург саҳм гузошта, саҳмияҳо харида, маблағҳо мегузаронанд. Имрӯзҳо модарони тоҷик кулчаи ширмоли худро ба 

коргарони НБО-и Роғун мефиристанд. Имрӯз ҳар як пиру барнои миллат бо кадом роҳе, ки набошад, дастгири ободонии  

НБО-и Роғун асг. Имрӯз Роғун майдони заҳматҳои фаровону самарабахш, мояи ифтихору эътибори соҳибватанон, ҳасгии 

шуҷоату мардонагӣ ва шарафмандии миллати тоҷик гаштааст. Имрӯз ин миллати бузург шоҳсутуни маъбади бузурги меҳру 

муҳаббатро бино мекунанд. Имрӯз  ҳар як ҳарфи ин иншоот ифодакунандаи як мафҳуми бузург гаштааст.

Имрӯзҳо барои мардуми тоҷик давраи исботи ору номус, виҷдону ҳимматбаландӣ, исботи тоҷдорӣ расидааст. Миллати 

ҳимматбаландро фурсати исботи ҳиммати баланд омадаст. Нахустин бор Президенти давлат Эмомалии Раҳмон ба халқ бобати 

кӯмаку дастгирӣ баҳри сохтмони ин иншооти бузург муроҷиат кард, ки ин муроҷиати ӯ ба кулли мардуми ин сарзамин қобили 

қабул гашта, ҳамагон онро хуб пазируфтанд, дастгирӣ намуда истодаанду ҳамагӣ ҷонибдоранд.


Хуфтаро бедор бинмуд бо сухан,

Бо нидояш ҳамгиро халқи Ватан.


Тоҷикони баору номус имрӯзҳо пайи ободии Ватани азизанд. Имрӯзҳо бо ҷаҳди бузург бо иттиҳод санг бар болои санге ниҳода, 

Роғунро обод мекунанд, то ки ояндаи насли дигар дурахшон бошад. To модари тоҷик бо сарбаландӣ аз пайи рафъи мушкилиҳои 

рӯзгори хеш ба осонӣ баромада тавонад. To Тоҷикистони азиз дар байни дигар кишварҳои дунё сарбаланду номдор бошад. 

Имрӯз миллати тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш, бозуву ақлу  хиради худ, бо маблағи ба арақи 

ҷабин бадастовардаи хеш бино карда исгодаанд, ки Худованди  мутаол ба ҳар яки ин мардуми барнодил азму субот ва қувваи бузург 

бахшида. Хулоса, иншооти Роғун ҳамчун нерӯгоҳи барқӣ - обӣ на танҳо барои миллати тоҷик нуру зиё, балки баракату фаровонӣ, 

якдигарфаҳмӣ, эҳтироми миллат ва ҳамбастагиро ато фармуд. Бо оғози ин иншооти бузург миллати тоҷик боз аз соҳибтоҷӣ, бузургдилӣ, саховатмандӣ ва ҳунари волоиниёгони хеш ёдрас гардид. Ин кохи нур, ҳамчун маъхази гарон баробари ба анҷом расидану қад  афрохтан кулли хушиҳои олам, ҳамчун эҳсон, нур, сафо ва шодиву нишоти пурбаракатро ҳувайдо мегардонад, зеро он аз иттиҳоди бузурги 

миллати баору номус ва аз саҳми хурду бузурги ин сарзамини офтобӣ ба авҷ cap кашида



              Мавзӯъ:  Омӯхтани  табиат  ва  боигариҳои  он


Ҳар гоҳ сухан аз табиат ва шигифтиҳои он дар миён афтад, инсон бидуни ихтиёр ғарқи андеша мегардад, афкори мухталиф зеҳнро 

ноором месозад. 

Мо инсонҳо ҳамдӯш, ҳамрадиф бо табиат, дурусттар бигӯем дар синаи он зиндагӣ мекунем, вале дар бораи ин, ки чӣ риштаҳои моро 

ба он мепайвандад, чӣ вобастагиҳое аз он дорем, камтар андеша мекунем. Биёед назари кӯтоҳе дар домани вобастагиҳои хеш аз табиат андозем. Субҳгоҳон ҳангоме, ки аз хоб бармехезем, нахустин бархӯрди мо бо табиат оғоз мегардад. Мо ҳамагӣ ниёз ба шустушӯй ба об дорем. Магар сари ин мавзӯъ фикр кардаем, ки сарчашмаи ин неъмати худовандӣ аз куҷост. Об аст, ки сару тан, либосу палоси моро 

поку тоза мегардонад, вале афсус аксар вақт мо ба қадри он намерасем. Дар аксари хонаҳо дар кӯчаҳо мебинем, ки чи гуна аз ҷуякҳо 

об ҷорӣ мешавад ва касеро парвое нест, ки шояд дар гушае аз шаҳр гурӯҳе аз мардум ба оби ошомиданӣ ниёз доранд.


Дарахтон, чӣ мевадор ва чӣ беҳосил беҳтарин офаридаҳои Худованд ва мавҷуди табиатанд. Ин мавҷудоти cap то по сабз низ реша дар 

хок доранд. Аз шираву шарбати хок нерӯ мегиранд, рушду камол меёбанд ва барои мо нахуст анвои мухталифи меваҳоро мепазонанду 

ба ҳосил мерасонанд. Гузашта аз ин, бо рангҳои гунотун чашму рӯҳи моро эҳсоси шодиву фараҳ мебахшанд.  Чатри сояафканӣ онҳо 

моро аз гармиҳо эмин нигоҳ медорад. Вале дареғ аст, ки гурӯҳе аз мардум дар ивази ин ҳама некӣ нисбат ба дарахтон бадиҳои 

гушношунидро раво мебинанд. Рӯи дарахтон бо  корду мех номи худро менависанд, ё ин ки ба хотири ҳезум дарахтони сарсабзро 

мебурранд, бехабар аз он ки ҷинояти бас бузургеро содир кардаанд, ки камтар аз одамкушӣ нест...

Дарёчаҳо, кӯлҳо, рӯдхонаву ҷӯйборчаҳо, ки миёни шаҳру рустову деҳкадаи мо мегузаранд, унсури дигари табиатанд. Ин мусофирони 

хастапой, ки аз сарзаминҳои сарду солхурда, аз домони пиряхҳои қуллаҳои кӯҳ ба сӯи мо оғӯш кушодаанд, идомабахши ҳастии 

мардуманд, заминҳоро  шодоб месозанд, то тухми коридаи мо қад баланд кунад ва ризқу рӯзии мо муҳайё гардад. Ҳайфо, ки боз мо 

инсонҳо ҳастем, ки нисбати ин неъмати шигифтангез носипосӣ мекунем. Хасу хокрубаҳои хона, қуттиву шишаҳои холишударо ба 

даруни онҳо мепартоем ва ба ин амал муҳити зиндагии хешро олӯда месозем. Ҷумҳурии азизи мо табиати нодир дорад, зебоиҳои 

он васф ношуданист.

 Дар ҳар канори ҷумҳурӣ истироҳатгоҳҳои камназире дорем, ки шояд дар ҳеҷ гушае аз дунё шабеҳи онҳо мавҷуд набошанд. Дар 

баробари ҳамаи ин сарвати дигари табиати мо ҳайвоноти ваҳшие мебошанд, ки дар кӯҳу пуштаҳо, ҷангалҳо ҳамрадифи мо зиндагӣ 

мекунанд. Зиндагии башарро бе вуҷуди онҳо намешавад тасаввур намуд.

Мутаассифона, дар ин бахш низ инсонҳо аъмоли нобахшиданӣ содир мекунанд. Ин ҳайвоноти    забон бастаро беамон шикор 

мекунанд, бехабар аз он ки теша ба решаи худ мезананд. Албата вазъият на бадон гуна бӯҳронист, ки мо тасвираш намудем. Дар 

ҷумҳурии мо ҳар сол ба хотири  кабудизоркунии муҳити атроф корҳои зиёде анҷом дода мешавад. Ҳазорҳо бех дарахт шинонда мешавад вале ин кам аст. Табиати мо имрӯуз беш аз ҳар замони дигаре ба муносибати инсонвор дилсӯзонаи мо ниёз дорад. Мо бояд ба қадри 

сарчашмаи ҳаёти хеш - табиат бирасем.



Мавзӯъ:  Ҳунар  омӯз,  к-аз  ҳунармандӣ...


Дониш андар дил чароғи равшан аст,

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

(Рӯдакӣ)


Ҳунар, маърифат, илм, фарҳанг, ақл, хирад чароғи равшани олами фонист. Инсон ба василаи он  ҳар гуна мушкилотро ҳал менамояд 

ва ба рӯи худ дари бахту саодатро мекушояд. Дарки оламу одам, ҳаводиси мухталифи табиат, бадию некӣ, асрори фалак ба андозаи 

ақли инсон марбут аст.  Ҳар қадар кас ба умқи ҳодисот бирасад, ҳамон қадар асрори дигаре зуҳур меёбад. Яъне дар ин олами бекарон 

ҳазорон асрор нуҳуфта аст, ки ҳар якеро бо заҳмати зиёд кашф мекунанд.

Бешубҳа, шахси ҳунарманд бо зӯрии хирад дили куҳро мешикофад, дар як соат роҳи дарозеро тай мекунад, дар фазо парвоз мекунад. 

Магар тайёра бофиши хаёл нест?


Бале, бо мурури замон оинаи ҷаҳоннамо, мӯъҷизаҳои парвози аз олами хаёлот ба воқеъият табдил ёфтаанд. Албатта, яку якбора не, 

бо гузашти айём, дар натиҷаи ҳунаромӯзӣ ва амал.

Инсони ҳунарманд дар гуфтору рафтор низ намуна аст. Ба ин маънӣ Фирдавсии Тӯсӣ гуфта:


Касе, к-ӯ ба дониш тавонгар бувад,

Зи гуфтору кирдор беҳтар бувад.


Пешрафти тамоми ҷабҳаҳои рӯзгор ба дониш ва ҳунар вобаста аст. Ақли инсонӣ пайваста бозёфтҳои навро рӯи кор оварда, заҳмати 

мардумро ба маротиб осон мекунад. 


  Камолиддин Биноӣ фармудааст:

    Зи дониш шавад кори гетӣ басоз,

 Зи бедонишӣ кор гардад дароз.

Омӯхтан бо амал судманд аст.


Яъне дониши назарӣ ҳамон вақт комил аст, агар бо амал созгор гардад: 


Илм ба кор судманд бувад,

Илми бекор пойбанд бувад.


Хулоса, нақши ҳунару дониш дар инкишофу рушди саноат, кишоварзӣ, дар кушодани сирру асрори табиату коинот ва ҳал намудани 

муаммоҳои зиёд ниҳоят бузург аст. Мо ҷавонони бояд ҳамеша дониш ва ҳунар андӯзем, то осудагии ҷомеаро таъмин намоем.

Абдулқодири Бедил ба омӯхтани дониш баҳои баланд дода, гуфтааст:


                                                              Фалакро чу нақши по кунӣ паст,

Вале гар донише нагзори аз даст.


Мавзӯъ:  Ҳурмати  калонсолонро  ба  ҷо  овардан


Бе пир марав дар амонӣ,

     Ҳарчанд, ки Сикандари замонӣ.


    Оре, ин суханонро бузургони мо дар асарҳояшон беҳуда наовардаанд. Мо ҷавонон пеш аз оне, ки ба коре оғоз намоем, ба маслиҳати пирон эҳтиёҷ дорем. Чунки пирон оинаи рўзгори мо ҳастанд. 

    Дар байни мардум барои пос доштани хотири пирон ривоятҳои зиёде ҳастанд. 

    Нақл мекунанд, ки дар замонҳои хеле қадим дар шаҳре одат будааст, ки пиронро бурда ба кўҳи марг партоянд. Барои он, ки шаҳр 

ба солхўрдагон эҳтиёҷ надорад. 

    Вале рўзе аз рўзҳо шоҳи мамлакат савори киштӣ ба сайру гашт меравад. Ногоҳ тўфони сахт хеста киштиро ба соҳили номаълуме 

мебарорад. Шоҳ дар соҳил сайру  гашт намуда нохост чашмаш ба гавҳари даруни оби баҳр меафтад. 

    Ў ба навкаронаш фармон медиҳад, ки гавҳарро аз об ёфта ба ў бидиҳанд. Агар касе ин чизро ба ў дастрас намояд тўҳфаҳои зиёде 

ҳадя мекунад.  

    Дар ин вақт ҷавонмарде падарашро дўст медошт ва ўро ба кўҳи марг набурда, дар хонааш пинҳон намуда, нигоҳубин мекард. 

Писар ба назди падараш рафта маслиҳат пурсид. Пирамард ба писараш гуфт: 

    - Писарам, ин гавҳар дар қаъри об нест, он дар болои дарахте, ки мурғ дар он ҷо лона дорад, ҷойгир аст. Ту ба  об надаро, ба  

дарахте, ки дар  назди соҳил аст   баромада гавҳарро гир. ҷавонмард аз рўи ин гуфтаҳо амал карда гавҳарро гирифта ба 

шоҳ медиҳад. Шоҳ ҳайрон шуда, ҷавонро маҷбур менамояд, ки аз куҷо фаҳмид, ки  гавҳар дар болои дарахт аст. 

Ҷавон ҳамашро нақл мекунал. Шоҳ аз ҳамон рўз фармон баровард, ки дигар пиронро ба кўҳи марг напартоянд, балки аз онҳо 

маслиҳат пурсанд. Аз ҳамон рўз пиронро қадр намуда гиромӣ медоранд. 

   Аз ин гуфтаҳо ба чунин хулоса меоем, ки қадри пиронро дорем. Солҳо мегузараду мо низ пир  мешавем. Насли наврасе, ки ба 

воя мерасанд, то ки моро қадрдонӣ намоянд. Бигзор пирон як ҳаёт зинда бошанду маслиҳатчии мо гарданд! Ман ҳам имрўз пеш аз 

омадан ба супоридани иншо аз бобои пирам маслиҳат пурсида дуо гирифта будам. Он кас ба ман дуои нек доданд, ки донишҷў  

шаваму ба халқи худ хизмат намоям. Ман ба гуфтаҳои бобоям бовар дорам, шояд, ки  ҳамааш нағз шаваду донишҷў шавам. 

Беҳуда нагуфтаанд: «Пир нест, тадбир нест». Чунки мушкилоти ҳаёти моро  пиронсолон  ҳал мекунанд.



Иловаи шарҳ

Гузоштани шарҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив